Санаҳои 22-26 июни соли ҷорӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба таҳлили вазъи фаъолияти паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, ки тибқи Фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2022, №31 таъсис дода шудааст, аз паркҳои технологии дар ҳудуди вилояти Суғд фаъолияткунанда дидан намуд.
Мақсад аз анҷоми сафари мазкур иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таҳлил ва мониторинги фаъолияти паркҳои технологию инноватсионӣ, бахусус таъмини иҷрои банди 1.8-и Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №210 қабул гардидааст, ба ҳисоб меравад.
Дар доираи сафар Гурӯҳи корӣ аз паркҳои технологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Дар рафти вохӯрии аъзои Гурӯҳи корӣ бо масъулини паркҳои технологӣ баррасӣ ва муҳокимаронӣ атрофи ҳадафи олии саноатикунонии босуръати кишвар ба воситаи татбиқи ихтироотҳои инноватсионӣ ва технологияҳои муосир доир гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт амалӣ карда шуд. Инчунин, аъзои гурӯҳ аз фаъолияти корӣ ва пешбурди ташаббусҳои соҳавии паркҳои технологӣ шинос шуда, дар самти шароитҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фароҳамшудаи фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ табодули афкор сурат гирифт.