Хабарҳо

Бо  мақсади  иҷрои  банди 1.8-и Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи  миллии  рушди  моликияти  зеҳнии  Чумҳурии  Тоҷикистон  барои  давраи то соли 2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳрурии Тоҷикистон аз санаи 1 июни соли 2021, №210 қабул гардидааст, ҷиҳати  гузаронидани  таҳлили  вазъи фаъолияти паркҳои технологӣ Муовини аввали Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Вализода Шавқат Шаробудин дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз вазъи фаъолияти Паркҳои технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид бо директорони паркҳои технологӣ ва роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳои болоқайдгардида мулоқотҳои судманд дар самти тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои равияи техникию технологӣ дошта ва гузаронидани машғулиятҳои амалию аёнӣ дар заминаи паркҳои технологӣ анҷом дода шуд.   

Бахусус қайд карда шуд, ки бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талабот ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан ба робитаи илм бо истеҳсолот рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои илм, маориф ва инноватсия қайд намуданд, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд.

Зеро, фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ яке аз омилҳои асосии таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар кишвар 24 Паркҳои технологӣ ва 4 Марказҳои инноватсионӣ дар назди донишгоҳу донишкадаҳо ва институтҳои таҳқиқотӣ фаъолият намуда, мақсади асосии онҳо фароҳам овардани шароити муносиб барои гузаронидани корҳои амалӣ-таҷрибавӣ ҷиҳати пешниҳоди навгониҳо мебошад.