Хабарҳо

Олимон аз Университети Делавэр маводи нави сохтмониеро коркард карданд, ки дар оянда метавонад барои эҷоди иншоот дар Моҳ истифода шавад. Намунаҳои мавод шаш моҳро дар беруни Стансияи муштараки байнулмилалӣ (СМБ / МКС) сипарӣ карданд, ки дар он ҷо таҳти таъсири радиатсияи кайҳонӣ, вакуум ва тағйирёбии шадиди ҳарорат қарор доштанд. Пас аз баргаштан ба Замин таҳқиқотчиён муайян карданд, ки мавод на танҳо хосиятҳои худро ҳифз кардааст, балки дар баъзе озмоишҳо нисбат ба намунаҳое, ки тамоми ин вақт дар шароити заминӣ нигоҳ дошта мешуданд, мустаҳкамтар баромадааст.

Асоси ин коркардро геополимерҳо — маводҳое, ки метавонанд цементи анъанавиро иваз кунанд, ташкил медиҳанд. Бархилофи цементи оддӣ, барои истеҳсоли онҳо коркарди дорои ҳарорати баланд лозим нест, зеро сохтори мустаҳкам ба шарофати реаксияҳои химиявӣ байни компонентҳои минералӣ шакл мегирад. Олимон бар он боваранд, ки чунин маводҳо метавонанд ба як қисми муҳими ўзлаштирии ояндаи Моҳ табдил ёбанд. Интиқоли маводҳои сохтмонӣ аз Замин ниҳоят гарон хоҳад буд, бинобар ин таҳқиқотчиён пешниҳод менамоянд, ки хоки маҳаллии моҳӣ — реголит, ки сатҳи моҳвораро пӯшонидааст, истифода бурда шавад.

Реголит омехтаи зарраҳои ғубормонад ва минералҳои силикатӣ мебошад, ки аз рӯи таркибаш ба баъзе маводҳои гилин дар Замин шабеҳ аст. Ба шарофати паҳншавии васеи он дар Моҳ, он ҳамчун яке аз ресурсои асосӣ барои сохтмони базаҳо ва иншооти техникии оянда баррасӣ карда мешавад.

Барои тафтиши мустаҳкамии мавод дастаи олимон пластинаҳои борики геополимерҳоро, ки дар асоси хоки сунъии моҳӣ ва марсӣ эҷод шуда буданд, дар доираи эксперименти махсуси НАСА оид ба омӯзиши маводҳо дар кайҳон ба Стансияи муштараки байнулмилалӣ фиристоданд. Намунаҳо дар давоми шаш моҳ дар беруни стансия қарор доштанд, ки дар он ҷо таҳти таъсири шароити орбитаи пасти наздизаминӣ буданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки мавод таҳти таъсири муҳити кайҳонӣ хароб нашуд ва ҳатто баъзе тавсифҳои он беҳтар гардиданд.

Аммо барои сохтмон дар Моҳ танҳо эҷод кардани маводи мустаҳкам кифоя нест. Олимон инчунин бояд ба назар гиранд, ки таркиби реголит метавонад дар минтақаҳои гуногуни сатҳи Моҳ ба таври назаррас фарқ кунад, бинобар ин технологияи истеҳсолот бояд мутобиқшаванда бошад. Барои ҳалли ин вазифа таҳқиқотчиён дар асоси омӯзиши мошинӣ системаеро коркард намуданд. Он имкон медиҳад, ки бо таҳлили таркиби хоки аввалия ва шароити коркарди он мустаҳкамии маводи сохтмонии оянда пешгӯӣ карда шавад.

Таҳқиқоти иловагӣ ба рафтори геополимерҳо дар вақти омода кардани омехтаи сохтмонӣ бахшида шуданд. Олимон марҳилаи муҳимро муайян карданд, ки ҳангоми он омехтаи моеъ ба сохтори сахт табдил ёфтан мегирад. Маълум шуд, ки омехта кардани мавод то ин лаҳза ба суръати сахтшавӣ ва мустаҳкамии ниҳоӣ муайянкунанда таъсир намерасонад. Ин маънои онро дорад, ки дастгоҳҳои мухтори оянда дар Моҳ ҳангоми коркарди ашёи хоми маҳаллӣ озодии бештар хоҳанд дошт.

Таҳқиқотчиён бар он боваранд, ки коркарди мазкур на танҳо дар ўзлаштирии Моҳ, балки дар эҷоди технологияҳои сохтмонии бештар экологи дар Замин низ кӯмак хоҳад кард. Истифодаи маводҳои табиӣ ва коҳиши сарфи энергия ҳангоми истеҳсоли аналогҳои цемент метавонанд сохтмонро устувортар созанд.