Астрономҳо дар атмосфераи Сатурн сохтори ғайриоддии бузургеро дар шакли даҳкунҷа кашф карданд. Он қутби ҷанубии сайёраро иҳота намуда, мавҷи бузурги атмосфериро ифода мекунад, ки бо ҷараёни пурқуввати ҳавоӣ алоқаманд аст. Ин кашфиёт махсусан муҳаққиқонро ба ҳайрат овард, зеро то имрӯз Сатурн бо дигар сохтори геометрии атмосферӣ — шашкунҷаи машҳур дар қутби шимолӣ — маълум буд.
Сохтори нав ба шарофати мушоҳидаҳои телескопи кайҳонии «Ҳаббл» тасдиқ карда шуд. Олимон маълумотеро, ки дар доираи барномаи Outer Planet Atmospheres Legacy (OPAL) ба даст омадаанд, муттаҳид карданд. Ин барнома беш аз даҳ сол боз тағйиротро дар атмосфераи сайёраҳои бузурги Системаи Офтоб мунтазам пайгирӣ мекунад.
Таҳлил нишон дод, ки нишонаҳои аввалини мавҷи даҳкунҷа аллакай дар тасвирҳои «Ҳаббл» дар соли 2023 мавҷуд буданд ва баъдан он тадриҷан равшантар гардид. Аммо аввалин нишонаҳо на танҳо аз расадхонаҳои касбӣ ба даст омаданд. Соли 2024 роҳбари таҳқиқот Агустин Санчес-Лавега аз Донишгоҳи Кишвари Баскҳо ҳамроҳ бо астрономҳои ҳаваскор Тревор Барри ва Жан-Пол Оже дар аксҳои аз Замин гирифташуда дар наздикии қутби ҷанубии Сатурн рахи ғайриоддии мавҷнокро мушоҳида карданд.
Мушоҳидаҳои соли 2025 шакли геометрии онро боз ҳам равшантар карданд ва баъд муҳаққиқон ба маълумоти муфассалтари «Ҳаббл» муроҷиат намуданд.
Қаблан кашф кардани чунин сохтор махсусан душвор буд, зеро фаслҳои сол дар Сатурн иваз мешаванд. Моили меҳвари сайёра боис мегардад, ки минтақаҳои қутбии он давра ба давра аз Замин камтар намоён шаванд.
Қутби ҷанубӣ муддати тӯлонӣ аз мушоҳидаҳои заминӣ дур буд ва вақте ки он дубора барои таҳқиқоти муфассал дастрас гардид, дар он ҷо аллакай сохтори нав мавҷуд буд.
Олимон тахмин мекунанд, ки даҳкунҷа метавонад дар байни солҳои 2017 ва 2023 ташаккул ёфта бошад.